50 солагии фаъолияти омӯзгории Қувомидин Муҳидинов таҷлил гардид

Бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ конфронси илмӣ- амалӣ бахшида ба 50- солгии фаъолияти илмӣ- истеҳсолӣ ва педагогии дотсенти кафедраи фанҳои умумитехникӣ Муҳидинов Қувомидин баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, аз фаъолияти пурсамари Муҳидинов Қ. ёдовар шуда, саҳми эшонро дар тарбияи насли ҷавон назаррас арзёбӣ намуданд.
Сипас, профессор Розиқов Зафар, дотсент Қозиев Камолуддин ва дигар омӯзгорон суханронӣ намуда, аз кору фаъолияти педагогии Муҳидинов Қувомидин ёдоварӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба Қувомидин Муҳидинов ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Шуъбаи иттилоот