ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМӢ-ТЕХНИКӢ: ФАРЗАНДИ БАД ДОҒИ ПАДАР

Имрӯзҳо як қатор аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор гирифта, кӯшиш мекунанд, то ба тарафи миллат санг зананд. Онҳо бо ҳама талошу кӯшишҳои худ ҳамагӣ як ҳадаф доранд ин ҳам бошад паст намудани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Ин кӯрдилон ва нотавонбинони наҳзатӣ бо супориши хоҷагони хориҷияшон кӯшиш менамоянд, ки миллати тоҷкиро гумроҳ созанд.

Албатта, ин тоифаи инсонҳоро беҳуда намегӯянд, ки доғи падар ва ҷомеа. Ин наҳзатиёни манфур ва ҳарис барои чанд суми хориҷиён омодаанд ватанро бифурӯшанд, ки аз ин дида бузургтарин хиёнат нест.

Оё мешавад чунин афродро, ки тӯдаи мавҷуди ҳарисе беш нестанд, инсон номид?

Ҳаргиз намешавад ин тоифаи бадкешро, ки дар ниҳодаш хиёнату разолат ҷой гирифтааст, инсон номид. Ин  тӯдаи наҳзатиёни палид на инсон, балки мавҷуди ба инсон монанд ҳастанду халос. Зеро ин манфурони лаин ҳаргиз наметавонанд бо дили пур аз кинаву нафрат ва торикӣ дар ҷомеа ором зиндагӣ кунанд.

Мо омӯзгорони кафедра амалҳо ва хиёнатҳои наҳзатиёнро маҳкум намуда, ин тоифаи разилро ҳаргиз намебахшем.