Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-октябри соли 2019

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли равон ба фаъолияти корхонаҳои зерин оғози расмӣ бахшида шуд. Аз ҷумла:

Дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Бисот», ки ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – моҳи марти соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Моҳи май дар ноҳияи Данғара ҶДММ «Файзи Карим» дар самти истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар он зиёда аз 50 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон аз ҷониби корхонаи мазкур 6 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои гуногун ва 18 ҳазор ҷуфт либоси таҳпӯш истеҳсол карда шудааст.

ҶДММ «Органик Ян» воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов дар масоҳати 2 га бунёд ёфта, шумораи ҷойҳои корӣ 100 нафарро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур аз охири моҳи август ба фаъолият шуруъ намуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 70 млн сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори корхона коркарди 5000 тонна нахи пахта дар як сол буда, риштаи пахтагин аз Ne16 то Ne42 истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин, 17 сентябри соли равон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи қолинбофӣ ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» санги асос гузоштанд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол истеҳсоли 1,5 млн метри мураббаъ қолин буда, дастгоҳҳо аз ширкати «Ван –де Вил» – Белгия ворид карда хоҳад шуд.

Мавриди қайд аст, ки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар даҳ моҳи соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 8,9 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар ин давра беш аз 1097,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 172,0 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 118,6 % – ро дар бар гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 17954,3 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 1375,7 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 9430,9 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 4517,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. Коркарди пӯсти чорво 478456 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – октябри соли 2018 137871 дона зиёд мебошад.

Давоми моҳҳои январ – октябри соли 2019 дар кишвар 992879 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 102630 дона зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва бо риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва пасттар намудани нархи либоси мактабӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2019, №198 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.

Аз ҷониби корхонаҳои ҷӯроббофии кишвар дар ин давра 4117,7 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои гуногун истеҳсол карда шудааст, ки назар ба даҳ моҳи соли сипаришуда 32,8 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2014, №737 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» истеҳсоли қолинҳо дар ин давра ба 3493,9 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки нисбати даҳ моҳи соли 2018 1025,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Инчунин аз давраи амалишавии Барномаи мазкур, дар соҳа панҷ корхона, аз ҷумла се корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф ба фаъолият шуруъ намуда, ба иқтидорҳои соҳа 1,3 млн метри мураббаъ илова гардида, дар натиҷа беш 200 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд.

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар ин давра беш аз 56,6 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.