ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИНФОРМАТИКА ВА МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ: НАХЛИ БАДГАВҲАР НАСАБЗАД ҲЕҶ ГОҲ

Дар чанд соли охир дар шабакаҳои интернет як чанд расонаҳои ифротӣ пайдо шудааст, ки аксарияти ин сомонаҳо аз ҷониби ифротгароён ва аъзоёни палиди ТЭТ ҲНИ идора мешавад. Нахуст ин расонаҳо ба ягон меъёри рӯзноманигорӣ ҷавобгӯй набуда, фақат аз чанд ҷиҳат ба масъалаҳо якҷониба нигариста андешаҳои ифротгароёнаро тарғиб менамояд.

Ҳамчунин ин расонаҳо, ки аз тарафи ТЭТ ҲНИ идора мешавад, бештар ба нашри маводи бардурӯғу гумроҳсозанда пардохта, бештар идеяҳои ифротиро тарғиб менамоянд, ки ин бениҳоят хатарнок аст. Дар чанд соли охир зиёд шудани ифротгароён аз ҷониби наҳзатиён дида мешавад, ки дар ин замина бояд созмонҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқ чораандешӣ намоянд.

Зеро тарғиби эктремизм ва терроризм низ як роҳи хиёнат ба оромии ҷомеа буда, оқибат нек надорад.

Мо устодони кафедра ин хиёнатҳо ва  рафтори нодурусту зидии башарии наҳзатиёни палидро ҷиддан маҳкум менамоем.