КОРРУПСИЯ —ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Ҳамин нуктаро бояд таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири бисёр манфӣ мерасонад. Ин падида дар шаклҳои мухталиф, аз қабили ришвахорӣ, сӯиистифода аз мансаб, тасарруфи молу мулки ҷамъиятӣ ва истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои хизматӣ зуҳур мекунад. Коррупсия ба адолати иҷтимоӣ халал расонида, эътимоди мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад.
Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин вабои аср ва зуҳуроти номатлуб-коррупсия яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳарчанд калимаи «коррупсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои вайронкунӣ, фасод ва ришвахориро дошта бошад ҳам дар тафсири ҳуқуқӣ маънояш васеътар мегардад.
Коррупсия метавонад дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахши иқтисодӣ ба вуҷуд ояд. Он на танҳо қонунро вайрон мекунад, балки ба арзишҳои ахлоқӣ ва принсипҳои адолат низ зарар мерасонад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ коррупсия як зуҳуроти номатлуб аст, зеро он баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун халалдор намуда, имкониятҳои нобаробариро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа шахсоне, ки имконияти додани пора доранд, метавонанд аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои бештар бархӯрдор гарданд, дар ҳоле ки дигарон аз чунин имконият маҳрум мемонанд, ки ин омил бисёр ҳам ношоиста мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки пайдоиши коррупсия ба омилҳои гуногун вобаста аст. Яке аз сабабҳои асосии он паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги шаҳрвандии аҳолӣ мебошад. Вақте ки шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб намедонанд, эҳтимоли даст задан ба амалҳои коррупсионӣ зиёд мегардад.
Сабаби дигари коррупсия манфиатҷӯӣ ва тамаъкорӣ мебошад. Баъзе аз афрод барои ба даст овардани даромади иловагӣ ё манфиатҳои шахсӣ аз ваколатҳои хизматии худ нодуруст истифода мебаранд.
Ҳамзамон, назорати нокифоя, камбудиҳои низоми идоракунӣ, шаффоф набудани фаъолияти баъзе муассисаҳо ва беҷазоӣ метавонанд барои рушди коррупсия замина фароҳам созанд. Дар ҳолате ки қонуншиканӣ сари вақт ошкор ва ҷазо дода намешавад, дигарон низ ба чунин амалҳо даст мезананд.
Омили иқтисодӣ низ нақши муҳим дорад. Сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ метавонанд баъзе одамонро ба амалҳои ғайриқонунӣ водор созанд, ки ин чиз дар ҷомеаҳои пешрафти носолимии ҷамъият маънидод мешавад.
Ин нуктаро бояд махсус таъкид созам, ки коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, он ба иқтисодиёти кишвар зарар меоварад. Дар шароити ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ маблағҳои давлатӣ ғайримақсаднок истифода шуда, сармоягузорон ба муҳити иқтисодӣ камтар эътимод мебанданд. Ин ҳолат рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро душвор мегардонад.
Дар соҳаи иҷтимоӣ коррупсия боиси афзоиши нобаробарӣ мегардад. Шаҳрвандоне, ки имконияти молиявии бештар доранд, метавонанд баъзе хизматрасониҳоро осонтар ба даст оранд. Ин вазъ принсипи адолати иҷтимоиро халалдор месозад.
Дар соҳаи тандурустӣ бошад, коррупсия метавонад боиси паст гардидани сифати хизматрасонии тибӣ шавад.
Аз ҳама муҳимаш, коррупсия эътимоди мардумро нисбат ба давлат ва қонун заиф мекунад. Вақте ки шаҳрвандон мебинанд, ки қонун барои ҳама баробар амал намекунад, эҳсоси беадолатӣ пайдо мешавад ва ҷомеа умедро аз даст медиҳад.
Мо, бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки хатари бузург дорад, дастаҷамъона мубориза барем. Мубориза бар зидди коррупсия бояд ҳамаҷониба ва пайваста бошад. Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии коррупсия ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Шаҳрвандон бояд донанд, ки коррупсия чӣ гуна зарар дорад ва барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти идорӣ низ аҳамияти калон дорад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот метавонанд имконияти амалҳои коррупсиониро коҳиш диҳанд.
Тақвияти назорат ва ҷавобгарӣ низ аз воситаҳои муҳими мубориза мебошад. Ҳар як ҳолати коррупсионӣ бояд сари вақт ошкор гардида, гунаҳкорон мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои таълимӣ низ хеле муассир мебошад. Онҳо метавонанд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ дар ташаккули муносибати манфии ҷомеа нисбат ба коррупсия саҳм гузоранд.
Оила низ дар ин самт нақши бузург дорад. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун метавонад, заминаи муҳими пешгирии коррупсия гардад.
Инро бояд таъкид сохт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хатарнок ва номатлуби иҷтимоӣ мебошад, ки ба рушди давлат ва некӯаҳволии ҷомеа монеа эҷод мекунад. Он ба иқтисодиёт зарар расонида, адолати иҷтимоиро халалдор созад ва эътимоди мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Барои решакан намудани ин падидаи манзур ва зуҳуроти номатлуб ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд зарур аст.
Танҳо дар сурати риояи қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулият ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод ва барои рушди устувори ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, саҳм гузоштан дар ин самт ба манфиати тамоми ҷомеа мебошад ва рушди ояндаи дурахшон аз муборизаи фаъолу пайваста вобаста мебошад.
Камолиддин ҚОЗИЗОДА
декани факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон