Ефим Лазеров ба омӯзгорон ва донишҷӯён аз бартариятҳои донишгоҳи геологии иктишофӣ гуфт

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада мулоқоти намояндаи Донишгоҳи геологии иктишофӣ ба номи Сергей Орҷоникидзеи Федератсияи Россия Ефим Лазеров бо донишқӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин мулоқот меҳмон Ефим Лазеровро намояндаи МИҲДи вилояти Суғд Осимҷон Қосимович ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо ҳамроҳӣ намуданд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин суолу ҷавоб сурат гирифт, ки донишҷӯён бештар аз шароит ва имкониятҳои донишгоҳи мазкур мепурсиданд ва як навъ ҳамдигарфаҳмӣ ва завқмандӣ дар чеҳраи ҳозирин дида мешуд.

Шуъбаи иттилоот