Таваҷҷуҳ! Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон ба мулоқот даъват менамояд.

Ба иттилои хатмкунандагон ва роҳбарони гурӯҳҳои академӣ расонида мешавад, ки санаи 07.05.2021с.  соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи донишкада бо ширкати намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои корҷӯй тақсимоти фардии хатмкунандагон сурат мегирад ва аз ҳама хатмкунандагон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин вохӯрӣ худро сабти ном созанд, то аз имкониятҳои ба дастомада  бедареғ намонанд.

Ҳамчунин, сардори  бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек иттилоъ расониданд, ки ширкати намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мулоқот дар назар дошта шудааст.

Шуъбаи иттилоот