Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки тибқи таомули қаблӣ ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар сокинони шаҳри Бӯстон Партовиева Мунира  ва Зиёхоҷаева Дилраборо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар қаблуи шаҳрвандони ректори донишкадаро муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, сардори раёсати кадрҳо ва бахши ҳуқуқӣ Мӯминова Дилором, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Д., сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳар ду сокинон ҳам бо нияти пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат карда буданд ва роҳбарияти донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулон ҷиҳати баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон дастур доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада ҳар ҳафта дар донишкада баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат арзу шикоят ва муроҷиати худро мустақим ба роҳбарияти донишкада бирасонанд.