Дарси кушод аз фанни химия бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид

Имрӯзҳо дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон “ҳафтаи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ” гузаштаистодааст, ки аз рӯйи он чандин семинару дарсҳои кушод ва бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи барномаи ҳафта имрӯз ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар дарси кушоди омӯзгори калон Ғаффоров С.Ҷ. аз фанни химия дар мавзӯи “Коррозияи металлҳо” ширкат варзиданд ва аз рафти дарс огоҳ шуданд.

Ҳамчунин, дар ин дарси кушод мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Сулеймонова Назокат, сардори БИСТ Юсупов Х., муовини декан оид ба тарбия Холбоев Р. ширкат варзиданд.

М.Сайидзода