Баргузории озмун ва бозии зеҳнии кӣ зудтар меёбад?

Дирӯз, дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ озмуни донишҷӯён аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ  Умарҷонов Абдусафо, деканҳои факултетҳо ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

Мирхолиқова М. нахуст ба донишҷӯён шартҳои асосии бозии зеҳнии “Кӣ зуд меёбад”-ро шарҳ дода, сипа дастаҳои ширкаткунандаро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Дар бозӣ аз рӯйи 9 шарти асоси аз ҷумла, гузаронидани таҷрибаи физикӣ, ёфтани ҳалли мисолу масъалаҳо, суолу ҷавоб, сохтани газетаҳои деворӣ ва дигар шартҳо ду дастаи донишҷӯён бо номи “Эйнштейн” ва “Кайҳонавард” иштирок карданд.

Доварон ба ҳар як шарти иҷрокардаи донишҷӯён бо холгузорӣ баҳогузорӣ намуда, ба дастаи ғолибро муайян намуданд, ҳамзамон дар ин байн лаҳзаи фарҳангӣ низ ба намоиш гузошта шуд, ки хотири ҳозиринро шод гардонид.

Дар интиҳо ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳо дар сатҳи баландтар гузаронида шавад, то аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мардум тавонанд, ин ҳамро баҳо диҳанд ва аз ҷониби дигар баҳраманд шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ дар доираи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ” баргузор гардид.

М. Сайидзода