Донишҷӯи мо -қаҳрамони варзиш

Варзиш гарави саломатист ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо шавқу завқи ҷавонон ба варзиш басо зиёд мебошад. Дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои гуногун ҷавонон ширкат мекунанд ва бо рақибони худ қувваозмоӣ мекунанд, ки ин барои онон таҷрибаи хуб мешавад.

Донишҷӯёни донишкадаи мо низ дар ин самт талош мекунанд, то дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида номи донишкадаро баланд бардоранд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Эргашов Санҷар Муминович донишҷӯйи бахши 3 ихтисоси 700201-06 коркарди канданиҳои фоиданок(корҳои сохтмони шахтавӣ) яке аз чунин варзишкорони фаъол мебошад, ки дар вазни 63 кг аз рӯйи намудаи АЙКИДО дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида қаҳрамони Тоҷикистон гардид.