Дарси кушоди омӯзгор Боев Муродбек баргузор шуд

Дар кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушодро муаллими калони кафедра Боев М.Б. дар гурӯҳи 430103-01А бахши 1 – ми факултети электромеханика гузаронид. Дар дарси кушод сардори БИСТ, мутахассиси раёсати таълим ва устодони кафедра иштирок намуданд. Мавзъи дарс “Сохтанҳои геометрӣ (ҳамбасти равон)” бо усули фаъоли таълим гузаронида шуд.
Муаллими калони кафедра Боев М.Б. омӯзгори ҷавон буда, тӯли фаъолияти 10- солааш машғулиятҳои амалиро бо маҳорати баланд мегузарад ва диққати донишҷӯёнро ба дарс ҷалб менамояд. Донишҷӯён дар дарс фаъол буда, баёни мавзӯъи навро устод бо истифода аз проектор ва тахтаи электронӣ слайдҳо ва медиа файли ба мавзўъ мутобиқбуда тартиб додашуда, дар бораи марҳила ба марҳила тартиб додани сохтанҳои геометрӣ яъне: элементҳои пайвасти равони ду давраро пай дай пай дар барномаи графикии КОМПАС – 3D ва шакли амсилаи сеченака (3D) нишон дод. Ҳамзамон донишҷӯён кори мустақилонаро оид ба тарзи дуруст сохтани деталҳои сатҳашон ҳамворро бо барномаи КОМПАС -3D иҷро намуданд. Донишҷӯён низ дар навбати худ фаъолнокӣ зоҳир намуданд. Қисми ташкилии дарс хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Алоқаи назария бо амалия ва вобаста кардани мавзӯи дарс бо самти ихтисос низ мушоҳида карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, инчуни амалан иҷро намудани корҳои графикӣ оид ба мавзӯи болозикр буда, онҳоро водор менамояд, ки баҳри омӯзиши технологияҳои муосири таълимро аз худ намояд. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ н.и.п. Юсупов С.М. иттилоъ дод.