Озмуни “Кани ҷавонон” дар хобгоҳ баргузор гардид

Дирӯз, дар хобгоҳи рақами 3-и донишкада бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни бошандагони хобгоҳ озмуни “Кани ҷавонон” баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Ш. иттилоъ дод.
Тибқи шартҳои озмуни мазкур донишҷӯён бояд тарзҳои омода намудани хӯришҳо, пухтани нон ва хӯрокро пешниҳод намоянд. Рафти баргузории озмун аз ҷониби масъули хобгоҳҳои донишкада Ёрматова Хосият, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём ва дигар муовинони деканҳо оид ба тарбия назорат шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ба хотири санҷидани маҳорати ҷавонон пешбинӣ шуда, бо ин васила донишҷӯён ба зиндагии мустақил комилтар омода мегарданд.


Шуъбаи иттилоот