Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид

Дар шанбегии умумӣ тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Дар аввал, гирду атрофи бинои донишкада, сипас гулгашту хиёбонҳои шаҳр тозаву поккорӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” -и донишкада майдони Парчами давлатӣ ва дигар хиёбонҳои марказии шаҳри Бӯстонро тозаву покиза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шанбегии мазкур ба ҷуз кормандону омӯзгорон донишҷӯён низ ширкат намуда, ба поккории шаҳри Бӯстон саҳм гузоштанд.
Шуъбаи иттилоот