Даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки ширкаткунандагон бояд аз худ маҳорати балнад нишон диҳанд, то ҳайати комиссия ононро ба даврҳои дигари озмун пешбарӣ карда тавонанд ва дар навбати аввал баҳои воқеӣ бигузоранд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуданд, ки озмуни мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст ва мо бояд дар ин самт аз ҳама фаъолтар бошем. Зеро ин озмун барои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, ҷомеа мусоидат мекунад, ки чунин иқдомҳо саривақтӣ ва қобили сутуданист.

Иштирокчиён аз рӯйи 3 номинатсия  баромад намуда, аз осори бузургон шеъру қасида ва рубоиёт қироат намуданд.

Дар умум дар ин чорабинӣ зиёда аз 18 нафар ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро нишон доданд.

Дар ҳайати комиссияи озмун ба ҳайси раис ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, котиби комиссия Осими Оқил, аъзоёни комиссия муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда, деканҳои факулта  ва мудирони кафедраҳо Қозиев Камолуддин, Шамсиддинов Шӯҳрат, Самадова Гулӣ, Саидов Мустафо, Мутаваллиев Абдуваҳоб, Тоҷибоева Манзуа.,  Олимов  Абдумалик, Шамсиев Рауф Ҳоҷибоев Далер ширкат намуда, ба иштирокдорон холҳои мувофиқро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси сохтори илм ва китобхонаи донишкада  роҳандозӣ шудааст.

Дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи қироати шеър дар байни омӯзгорон Ғоибов Алишер сазовори дипломи дараҷаи 1 ва 1000 сомонӣ мукофот гардид. Ҳамчунин, миёни донишҷӯён аз номинатсияи адабиёти классикӣ Пиримзода Меҳваршоҳ соҳиби ҷойи сеюм ва Мариншоев Ваҳдатшо соҳиби диплом ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур дар умум 18 нафар дар даври донишкадавӣ ширкат варзида аз инҳо 6 нафар бо ҷойҳои 1 ва 2 ва дигарон бо ифтихорномаву мукофотҳои пулии аз 300 то 500 сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ширкат дар озмуни мазкур ба донишҷӯён изҳори сипос намуданданд ва ҳамчунин таъкид доштанд, ки сафи донишҷӯёни иштироккунанда дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” набояд аз 100 нафар кам бошад ва минбаъда барои ин чиз талош намоед.

М. Сайидзода