Донишҷӯйи донишкада дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст овард

Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 510101(т)б Махкамов Шаҳбоз Васфийҷонович дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТКО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯйи равияҳои технологияи иттилоотӣ ва математика бахшида ба  эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”иштирок намуда, аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм гардид. Номбурда,  аз ҷониби Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо ифтихорномаи дараҷаи III ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.