Баргузории маҳфили “Кӯҳкани ҷавон” дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок

Имрӯз, дар дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок маҳфили “Кӯҳкани ҷавон” тибқи нақша-чорбании кафедра баргузор гардид, ки дар он муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Исоева Азиза, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

 Дар ибтидоӣ маҳфил мудири кафедра номзади илмҳои геологию минерологӣ Мутавалиев Абдуваҳоб оид ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар суханрони намуда, таъкид намуданд, ки дар ин замина мо масъулонро месазад, то беш аз ҳарвақта фаъол бошему барои татбиқи илм ба истеҳсолот саҳми хешро гузорем. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат хеле пеш рафта, имрӯз аз ҷониби Роҳбари муаззами давлат нисбати соҳаи мазкур ғамхориҳо зоҳир мегардад, ки дар ин замина мо ҷавонон низ бояд бетараф набошем.  Сипас, дар маҳфили имрӯза  аъзои фаъоли маҳфил, донишҷӯи бахши 3 гуруҳи 510201-03 Устоев А.У., ки бо роҳбарии ассистенти кафедра Маҳмудов Ҳ.А., дар мавзӯи “Истеҳсоли тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза омода намуда буд, баромад намуд. Донишҷӯи мазкур оид ба  мавзӯи интихобнамудааш ҷиҳати истихроҷи тилло аз давраҳои қадим то ба имрӯз ва технологияи истеҳсоли тилло аз оғоз ва рушди минбадаи он маърӯзаи пурмуҳтаво қироат кард. Дар интиҳои маърӯза баҳсу баррасиҳо бо ҳозирин ва маърӯзачӣ сурат гирифт, ки ин лаҳза чорабиниро боз ҳам ҷолибтар гардонид.