Шанбегии дастаҷамъӣ бо ширкати омӯзгорону кормандони донишкада

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд. Субҳи барвақт муовини ректори оид ба таълим Насриддинов Замониддин ҳамаи омӯзгоронро бо садорати факултетҳо ҷамъ оварда ба ҳамаи факултетҳо қисматҳои донишкадаро баробар тақсим намуданд ва ба раёсату шуъбаҳо низ ҳамчунин қитъаҳоро тақсим намуда, дастур доданд, то ҳама гӯшаву атрофи донишкада, хиёбонҳои шаҳр, ки ба донишкада наздик аст, пурра аз партовҳо тоза карда шаванд.
Дар ин рӯз кормандони донишкада як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд ва партовҳову сангрезаву шағалҳои зиёдатиро аз сари роҳ ва атрофи донишкада бардошта, муҳтро тоза намуданд.
Ҳамчунин, дар ин шанбегӣ гулҳои тозаву нав ва ороишӣ шинонида шуданд, ки ҳавлии донишкада ва хиёбони лаби шаҳрро боз ҳам зеботар гардонид.
Ёдовар мешавем, ки шанбегии мазкур ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 -солагии донишкада ташкил карда шуда буд.
М. Сайидзода