ГАР БАР САРИ НАФСИ ХУД АМИРӢ, МАРДӢ…

Ин нуктаро беҳуда шоир таъкид накардааст, зеро маҳз инсонҳо ба хотири нафси бади худ ба бисёр корҳои ношоиста даст мезананд, то нафси саркашро қонеъ созанд, вале чи суд, ки қонеъ сохтани нафси бад пас аз даст задан ба корҳои ношоиставу ғайриинсонӣ  имкон надорад. Зеро нафси бад, ки одат кард, такри он ғайри маҳол мешавад. Ҳарчанд дар адабиёти классикии мо перомуни баднафсӣ ва оқибатҳои сиёҳӣ он зиёд мисолҳо оварда шудааст, аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд афроде, ки аз тарбияи волои миллии тоҷикӣ дур монда ба хотири нафс ба чи роҳҳое намераванд. Мисоли равшани ин гуна афрод аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо роҳбараш Кабирии ифротӣ мебошад, ки ба хотири  нафси худ ба Ватан ва миллати худ хиёнат намудан. Зеро ин тоифаи палид ва бетарбия дар ниҳодашон фақат ва фақат як чиз аст, ин ҳам бошад ба даст овардани маблағи зиёд аз роҳи хиёнат ба миллату Ватан мебошад. Мо, солҳои зиёд шоҳиди хиёнатҳои нобахшидании Кабирии хоин ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ будем ва фақат имрӯз метавон гуфт, ки ин тоифа дар ҳақиқат барои идора накардани нафси бади хеш ба ҳама роҳ мераванд.

 Хиёнат ба ватан аз амалҳои нодуруст ва падидаи сангину ғайрииснсонӣ қаламдод мешавад, ки бисёриҳо аз ин эҳтиёт мекунанд, аммо Кабирӣ ба хотири  ба даст овардани маблағҳои зиёд бо душманони миллати тоҷик созиш намуда, ба роҳи бад ва ғайриинсонӣ рафт ва ҳар қадаре, ки метавонист ба миллати тоҷик хиёнат кард ва имрӯз ҳам бо супориши он хоҷаҳои бадкирдораш ин амалро анҷом додаистодааст.

Аз мисраи шоир чунин бармеояд, ки агар ту бар нафси худ амир гардӣ, яъне нафси худро ба низом дароварда тавонӣ, ту мард ҳастӣ. Яъне ин ҷо боз ишора мешавад ба оини мардонагӣ ва сифати баланди инсонӣ. Ба андешаи мо онҳое, ки рисолати мардии худро ба ҷо оварда наметавонанд дар қатори ҳамон занҳо қарор мегиранд, ки зуру тавонӣ зиёд надоранд ва барои ҳимоли Ватан бархеста наметавонанд.

Вазифаи ҳар як мард имрӯз ва дар гузашта ҳам ҳифзи сарҳад ва марзи аҷдодӣ мебошад, ки шоир ба ҳамон ишора менамояд ва ҳанӯз чандин аср қабл гӯё замони моро пешгӯӣ намуда бошад ва ба Кабирии лаин фармуда бошад, ки эй аблаҳ ва хоини мағзпӯч рисолати мардии худро фаромӯш насоз ва аз баҳри пул ба Ватан ва миллат хиёнат накун!

Ҳамин тавр нафси бад инсонро ба чи роҳҳое намебарад ва инсонро ба чи ҳолатҳое намеорад, ки ба хотири нафс ӯ ҳуввияти худро ба фурӯш гузорад ва маҳз ба хотири қонеъ намудани нафси хеш. Оё ин аз берун мондани чунин инсонҳо аз тарбияву таълим нест?! Албатта тарбия хеле муҳим аст ва афсӯс, ки имрӯз аксарияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ тарбияи дуруст нагирифтаанд ва бо андак маблағ худро ғуломи хоҷагони хориҷӣ сохтанд, ки ин амали ғайриинсонӣ мебошад ва инсони соҳибтарбиву комил ҳаргиз ба чунин роҳ намеравад.

                                                                                            Парвизи Машҳур

                                                                                             омӯзгори ДКМТ