ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ҲАМСОЯҲО БОЯД ДОНАНД, КИ МО НИЗ МЕТАВОНЕМ АЗ ШЕВАҲОИ ДИГАР КОР БИГИРЕМ.

Чанд моҳи  охир роҷеъ ба масоили марзӣ дар расонаҳои кишвари ҳамсоя яъне кирғизистон паёпай маводҳои иғвоангез нашр гардида, масъулони расонаҳо ба ҷойи маълумоти дуруст ва саҳеҳ иттилоотӣ бардурӯғро паҳн менамоянд, ки кори хуб нест. Ҷониби кишвари ҳамсоя мехоҳад, ки аз ин васила рафтори неку бародаронаро барҳам занад ва ба ҳамин лиҳоз ҳам маълумоти сиёҳкунанда ва бардурӯғро паҳн мекунанд, ки фикр мекунам он қадар оянда надорад.

Зеро мо ҳам метавонем дар ҷавоб ба дурӯғпардозиву сиёҳкориҳои мақомот ва расонаҳои кишвари ҳамсоя айнан ҳамин шакли муносибат ва корро пеш барем ва сад дар сад аминам, ки пас аз ин ҷониби кишвари ҳамсоя пушаймон хоҳад гардид.

Мо ҳаргиз дар масоили марзӣ аз зӯриву туҳмат ва бозии иттилоотӣ ба манфиати худ истифода накардаем ва дербоз мебинем, ки ҷониби кишвари ҳамсоя ҳамин шеваи корро пеш гирифтааст ва шояд аз мо чизеро интизор аст. Аммо мо низ дар ин масъала ором нахоҳем буд ва ҳатман посухи миёншикане хоҳем дод, ки ҷониби кишвари ҳамсоя онро аз насл ба насл барои панд гирифтан ба ояндагонаш ба мерос хоҳад гузошт.

Мо, ҳамеша дар андешаи дӯстиву рафоқат ва муколамаи созанда будем, аммо аз рафтори ҳамсоягон маълум аст, ки онҳо ба ин амали мо розӣ нестанд ва ба ҳамин хотир ҳам моро лозим меояд, ки ба ҳамсоягони қирғиз дурустар фаҳмонем, ки мо дар ин ҷо ки ҳастем. Ҷониби қирғиз бояд донад, ки мо соҳиби аслии минтақа ҳастем ва халқҳои меҳмон бояд ҳадди худро донанд, дар акси ҳол моро зарур меояд, ки аз шеваи дигар кор гирем, ки ба манфиати қирғизҳо нахоҳад буд.  Зеро “бадкардаро бад бояд” гуфтаанд.