Баргузории онлайн семинари байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии об-2”

Бо назардошти мавҷудияти муаммоҳо дар Идоракунии захираҳои обӣ ва муҳимияти таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, ҳайати профессорию-омўзгории Донишакади кўҳию металлургии Тоҷикистон муштарак бо ҳамкорон аз дигар муассисаҳои олии дигар кишварҳо фаъолона дар тадқиқотҳои муаммоҳои обӣ иштирок меварзанд.

Санаи 04 декабри соли равон дар донишкада онлайн-семинар баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи илмҳои табиӣ Норвегия: профессор Харша Ратнавира, дотсенти ин донишгоҳ Малетский З. ва дотсент  Александра Шелестина дар мавзӯъи “Истифодаи технологияҳои информатсионӣ ва барномаҳои муосир дар раванди балоиҳагирӣ ва истифодабарии иншоотҳои таъмин ва тозакунии об” маърӯза намуданд.

Дотсент Александра Шелестина дар мавзӯъи “Моделикунонии информатсионии иншоотҳо оиди рақамикунонии соҳаи идоракунии захираҳои обӣ”; идоракунии ахбороти зиёдҳаҷм; мафкураи сунъӣ ва истифодабарии барномаҳои компутерии муосир барои моделикунонии иншоотҳо ва таҷҳизотҳо суханронӣ намуд.

Профессор Харша Ратнавира дар баромади худ оиди истифодабарии воситаҳои рақамикунонии соҳаи таъминоти об ва иншоотҳои тозакунии об; онлайн воситаҳо барои назорати сарфи об дар мисоли шаҳри Валенсияи Испания; усулҳои пешгӯӣ намудани коршоямии таҷҳизотҳои обтаъминкунанда ва самтҳои рушди ояндаи соҳаи идоракунии захираҳои обӣ сухан ронд.

Дар ин семинар ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур аз ДКМТ профессор Розиқов З.А, мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳамадиев А.Н., мудири кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ Юсупов С.А., сардори БИСТи ДКМТ  Усмонов Ш.Ҷ. ва дигар кормандону омӯзгорони доникшкада иштирок варзиданд.

Инчунин 30 нафар донишҷӯёни кафедраҳои экология, сохтмон ва графикаи муҳандисӣ, геология ва корҳои нафту газ фаъолона иштирок варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи лоиҳаи байналхалқии “Ҳамоҳангсозии Об – Евразия” дар соли ҷорӣ ин 6-умин семинар (тариқи онлайн) мебошад, ки дар он устодон,  кормандони Донишкада ва донишҷӯён фаъолона иштирок меварзанд.

Дар Лоиҳа 12 донишгоҳҳо аз давлатхои Аврупо ва Осиёи Маркази иштирок меварзанд:

  1. Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия
  2. Донишгоҳои Давлатии технологии Белоруссия
  3. Донишгоҳи технологии Молдавия
  4. Донишгоҳи миллии техникиии Украина «Донишкадаи политехникии Киев»
  5. Донишгоҳи Давлатии технологии Черкасс
  6. Донишгоҳи давлатии химикӣ-технологии Украина
  7. Донишгоҳи давлатӣ Ҷанубии Қирғизистон
  8. Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон
  9. Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
  10. Донишгоҳи миллии Қирғизистон
  11. Донишгоҳи байналмилалии “SILKWAY
  12. Донишгоҳи Славянии Қирғизистону Россия

Мақсад ва вазифаҳои Лоиҳа чунин самтҳоро дарбар мегирад: Ҳамкории олимони донишгоҳҳо-иштирокчиёни Лоиҳа дар корҳои илмӣ тадқиқотӣ; нашри дуйӯмбораи китоби дарсии «Идоракунии захираҳои обӣ. Усулҳои физикӣ-химиявии об» бо иловагиҳо ба бобҳои мавчудбуда ва нав; Таҷрибаомўзии донишҷўён дар Норвегия; Омода намудани дастурҳои таълимӣ; Таҷҳизонидан ва пурзўр намудани базаи моддӣ-техникии донишкадаҳо; Иштироки донишҷўён дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; Онлайн курсҳои муштарак; Курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ; Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои бонуфузи байналхалқӣ; Тартиб додани маводҳои таълимии нав; Платформаҳои таҳсилоти электронӣ; Дарёфти маблағгузорӣ барои васеъ намудани лоиҳаи мазкур.

         Аз рўи нақшаи Лоиҳа ҳар сол ду нафар донишҷўён аз ҳар як Донишгоҳҳои иштироккунанда имконияти гузаштани таҷрибаомўзиро дар Донишгоҳи илмӣ-табии ш. Ас, Норвегия доранд. Барои иштирок намудан дар чунин таҷрибаомўзӣ номзад бояд дар ихтисосҳои ба Ҳифзи муҳити атроф алоқаманд таҳсил карда истода бошад. Нисбати дониши забони англисӣ бошад, бояд соҳиби сертификати TOEFL бо холи на кам аз 60 балл бошад. Инчунин соҳиби кредитҳо аз фанҳои Усулҳои физикавӣ-химиявии тозакунии об, Таъминот ва тақсимоти об бошад.

Дар давоми ин солҳо, ҳамасола донишҷўёни донишгоҳҳо-иштирокчиён, ки забони англисиро хуб медонанд  дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия (ш. Ас.) дар самти захираҳои обӣ ва усулҳои тозакунии обҳои шоранда таҷрибаомўзии тобистонаи худро гузарониданд.

Ҳамоҳангсози Лоиҳа профессор Розиқов З.А. қайд намуд, ки Лоиҳа ба донишҷўён имконияти гузаронидани таҷрибаомўзии худ дар донишгоҳи номдори Аврупо ва ҷаҳон, омўхтани донишҳои нав, васеъ намудани ҷаҳонбинии  худ, шиносоӣ бо комёбиҳои муосири илм имкон медиҳад, то ки дониши худро дар ин соҳа сайқал диҳанд ва дар оянда дар соҳаи тозакунии об ва таъминоти об истифода намоянд.

Мудири кафедраи “Экология”, номзади илмҳои техникӣ Ҳоҷибоев Д.Д.

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳамадиев А.Н.