Табрикоти ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр бахшида ба Рӯзи геологҳо!

Умед мебандем, ки дар амали намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст, геологҳо саҳми намоёни худро дар иқтисодиёти кишвар мегузоранд.

Роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кулли кормандони соҳаи геологияи ҷумҳуриро, ки дар рушди саноати кӯҳкорӣ, корҳои ҷустуҷӯии геологӣ ҷиҳати дарёфт ва муайян намудани захираҳои иловагии маъданҳо, инчунин дар зиёд гардонидани захираҳои ангишт саҳми арзанда мегузоранд ба муносибати Рӯзи касбияшон табрику таҳният намуда, дар фаъолияти пурмаҳсули минбаъдаашон ба ҳамаи онон бурдбориҳо таманно менамоянд.

Инчунин, саҳми арзандаи ҳайати омӯзгорӣ ва профессорӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳа бисёр намоён аст, ки ба ҳайати мазкур ҳам дар ин рӯзӣ касбӣ саодатмандӣ ва комёбиву муваффақиятҳои бепоён таманно менамоем.

Боварии комил дорем, ки геологҳои кишвар, мутахассисони варзидаи соҳаи мазкур, ки дар донишкада низ барои омода намудани мутахассисони бомаҳорати соҳаи геология саъю кӯшиш менамоянд, минбаъд ҳам, дар рушди соҳаи геология саҳми муносиби худро гузошта, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои кашшофӣ, ҷӯстуҷӯйи саъю талош меварзанд.

Рӯзи касбӣ муборак, геологҳои гиромӣ!