Баргузории даври аввали озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар донишкада

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар муовинону мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Дар даври аввали озмуни мазкур тибқи иттилои сардори раёсати илм ва инноватсия Шербоев М. аз рӯйи чаҳор номинатсия  130 нафар ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар ҳайати комиссияи озмуни мазкур муовини ректор оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба корҳои таълим Насриддинов Замониддин, сардори раёсати илм ва инноватсия Шербоев Муродҷон, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, декани факултети электромеханика  Қозиев Камолуддин, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Эшонқулов Иномҷон, дотсенти кафедраи таъминоти барқ Эгамов Мухтор ба дастоварҳо ва ихтирооти донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ донишҷӯён тавонистанд, ки ҳунару маҳорат ва санъати баланду маҳсули тафаккури техникии хешро ба ҳозирин ба маърази намоиш гузоранд.

Дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба донишҷӯёни ихтироъкор изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки бояд донишҳо такмил дода шаванд ва ин ихтирооти донишҷӯён дар истеҳсолот ҷорӣ карда шавад.

Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ғолибони озмун диплом ва сипосномаву мукофотпулӣ тақдим намуданд.

М. Сайидзода