Ташрифи директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Донишкадаи Конфутсияи назди ДКМТ

Нимаи дуюми рӯз директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сайидмаҳмуд Саидов бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Донишкадаи Конфутсий ташриф бурда, аз вазъият ва фаъолияти он шиносоӣ пайдо кард. Ҳамчунин, меҳмон бо роҳбарияти Донишкадаи Конфутсия дар назди донишкада мулоқот намуда, як қатор масъалаҳои омӯзиширо баррасӣ намуд.