Тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат бахшида ба қабули қатъномаи махсус аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Донишкада ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, сардори шуъбаи иттилоот М. Саидов суханронӣ намуда, роҷеъ ба муҳимияти қатъномаи мазкур ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки қабули қатъномаи СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ироа гардидааст, барои таҳкими сулҳ ва осоиштагӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Тавре дар иттилоънома омадааст, ки бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Шуъбаи иттилоот

