Боздиди донишҷӯён аз КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

Имрӯз донишҷӯёни ихтисоси бахши дуюми ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ зери роҳбарии омӯзгори фаъол Мирсаидова Фирӯзабону аз таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоӣ гузаштанд.
Донишҷӯён нахуст бо техникаи бехатарӣ шинос карда шуданд ва баъдан ба коргоҳҳои саноатӣ сафарбар гардиданд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён нахуст дар Парки технологӣ ва баъдан дар КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” баргузор гардид.
Зимни боздид аз корхонаи мазкур донишҷӯён бо тарзи кор ва шароити корӣ дар коргоҳ ва ҷараёни истеҳсолот шинос гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён бештар дар корхонаҳои саноатӣ мегузарад ва дар ин донишҷӯён бештар бо тарзи кор ва истифодаи технологияҳо шинос мегарданд.