Ба довталабон

Донишкадаи моро дар класстерҳои I ва II интихоб намоед.  Интихоби донишкадаи мо  ояндаи дурахшони Шумо.

Донишкада дорои 3 факултет ва 17 ихтисос мебошад.

 

ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ

 

ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ

 

ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

Рамзи  донишкада дар ММТ 201

201 Ин рақами хосаи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  дар руйхати номгуи  мактабҳои олӣ дар Маркази миллии тестӣ мебошад!

Бо интихоби донишкадаи мазкур шумо соҳиби ихтисоси муҳандис дар соҳаи саноати коркарди куҳӣ, нафту газ, маъданшинос, геолог, металлург, эколог, иқтисодшинос, мутахасиси таҷҳизоти мошинсози, ҳамлу нақли автомобилҳои боркаш, технологи заргарӣ, аудитори экологи дар риштаи саноат.

Хуллас, дар соҳаи саноат мутахасиси маълумотии олидор мешавед.

Ин даргоҳи маърифат шогирдони аз партаи мактабиро тавассути Маркази миллии тестӣ ба курси якум ва дастпарварони коллеҷҳои техникиро тариқи суҳбат дар комиссияи қабули донишкада ба курсҳои дуюму сеюм интихоб мекунанд. Ҳамчунин соҳиби маълумоти дуюми олӣ шудан хоҳед, марҳамат  ба донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон.

Шаклҳои таҳсил рузона ва ғоибона!

Дар назди Дорнишкада курси забономузии Донишгоҳи Конфутсий амал мекунад.

Донишҷуён ҳамчунин таҳсилро дар Донишгоҳҳои Федератсия Русия ва Европа идома дода метавонанд.

Бо дипломҳои донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои азими Федератсияи Русия низ фаъолият карда метавонед.

Ягона мактаби олӣ дар соҳаи геология, нафту газ, коркарди саноати куҳӣ ин Донишкадаи  куҳӣ-металлургии Тоҷикистон аст.

201 ин рақамро интихоб намоед ва муҳандиси соҳибмаълумот шавед!

Озмоишгоҳи химия ва таъминоти барқ

 

Озмоишгоҳи экология

 

Озмоишгоҳи нафту газ

Номгуи ихтисосҳои Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон барои соли хонишм 2019-2020

Ихтисос

Касб

Рамз

Ном

Умумӣ

Намуд

Соҳа  

1-510101

Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок

Муҳандис

Геолог

Экспедитсияи геологӣ, гузаронидани тадқиқоти саҳроӣ

1-510202

Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ

Муҳандис

Мутахасиси нафту газ

Корхонаҳои коркард ва истифодаи нафту газ

1-520201

Технология ва таљҳизоти саноати заргарӣ

Муҳандис

Заргари соҳибмаълумот ва ташхисгари маҳсулоти заргарӣ

Корхонаҳои маҳсулоти заргарӣ, ташхисгоҳи заргарӣ , коршиноси соҳа

1-510201-01

Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди куҳӣ)

Муҳандис

Мутахасиси коркарди конҳои канданиҳои фоиданок

Корхонаҳои саноати маъдани куҳӣ,

1-510201-03

Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (тоза кардани канданиҳои фоиданок)

Муҳандис

Мутахасиси корҳои зеризаминӣ

Шахтаҳо

1-510201-04

Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ)

Муҳандис

Мутахасиси корҳои пармакунӣ

Корхонаҳои саноати куҳӣ

1-510201

Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои маркшейдерӣ)

Муҳандис

Мутахасиси корҳои сохтмонии саноати куҳӣ

Корхонаҳои саноати куҳӣ

1-700201-06

Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо

Муҳандис

Мутахасиси корҳои сохтмонии саноати куҳӣ

Корхонаҳои саноати куҳӣ

1-270101-09

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот  (Кластери 2)

Муҳандис

Иқтисодчи

Иктисодчии соҳаи саноати коркарди куҳӣ

1-330101-05

Ҳифзи муҳандисии муҳити зист

Муҳандис

Эколог

Таъмини ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳо

1-570102

Менељменти экологӣ ва аудит дар саноат (Кластери 2)

Муҳандис

Эҳтисоби экологӣ

Ҳисобу китоб кардани экология

1-420101-0104

Металлургияи металлҳои ранга

Муҳандис

Металлург

Корхонаҳои металлургӣ

1-440101-01

ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш

Муҳандис

Автомобилист

Корхонаҳои автомобили

1-360101

Технологияи мошинсозӣ

Муҳандис

Технолог

Таъмири мошинҳои саноати коркарди куҳӣ

1-361001

Таљҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ

Муҳандис

Технолог

Таъмири мошинҳои саноати коркарди куҳӣ

1-430103-01

Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ

Муҳандис

Барқчӣ

Ширкатҳои барқӣ

1-480101

Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот

Муҳандис

Технологи кимё

Корхонаҳои саноатӣ, ташхисгоҳҳо

 

Озмоишгоҳи металлургия 

 

Магистратура ва докторантура

 

 Донишкадаи Конфутсий (омӯзиши забони Хитоӣ)

Хобгоҳ ва варзишгоҳ

Суроға: вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон (Чкаловск), кӯч. Московская 6. Аз шаҳри Хуҷанд ба самти мо автобуси №3, микроавтобусҳои 100 ва 80 ҳаракат мекунад. Тел: +992345150175.  Факс: +992345150634. 

Комиссияи қабул +992927512937

E-mail: gmit_tajikistan@mail.ru.

Сомонаи донишкада:    www.gmit.tjwww.facebook.com.gmit.tj