Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибони карда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаҳони муосир бо баробари ташаккули раванди глобализм барои инсонҳо роҳҳои нави зиндагиро эҷод менамояд. Арзишҳои миллӣ ҳамчун тафаккури миллӣ ба таърих ва фарҳангӣ ниёгон такя намуда, дар навбати худ робитаҳои байни ҳамдигарии наслҳоро инъикос менамояд.
Фарҳангшиносӣ ҳамчун илм дар шиносоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Бо таваҷҷӯҳ ба таъриху суннатҳои тоҷику тоҷикон, ин илм ба баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ дар муҳити ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Арсаи байналмилалӣ барои ҳар миллат платформаест барои намоиши рамзҳои фарҳангӣ ва ихтирооти иҷтимоӣ, ки барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими муҳаббат ба миллат замина мегузорад.
Боиси зикр аст, ки сарчашмаи арзишҳои миллии мо дар давраи хеле қадим давраи ташаккулёбии инсоният, яъне дар арзишҳои фарҳанги Ориёӣ ва тамаддуни он ба чашм мерасад.
Таҳаввулоти минбаъдаи арзишҳои миллиии мардуми тоҷик дар осори адибони маорифпарвари асри 19 ба чашм мерасад, ки аз рӯи моҳият ақидаҳои онҳо идомаи андешаҳои ниҳоиии гузаштагон ба шумор меравад , ки минбаъд он ошкортар ва возеҳтар ба хотири пешравии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳаёти маънавии мардум мегардад.
Мероси фарҳангӣ– мачмӯи арзишҳои фархангӣ, ки дорои аҳамияти миллию давлатӣ буда, моликияти истисноии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошанд. Ба таркиби арзишҳои фарҳанги миллии Ҷумхурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фархангӣ, коллексияҳои нодиру ашёҳои кадимӣ ва асархои санъат, аз қабили мусаввараҳо, осори наққошӣ, расмҳо, муҷассамаҳо, номҳои ахамияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишӣ (дизайнерӣ), китобҳои дастнавис, дастхатҳои муаллифон, катибаҳо, хуҷҷатхои таърихӣ, нусхаҳои нодир, оромгоххои шахсиятхои маъруф, боғот ва манзарахои табиии дорои аҳамияти фархангидошта ва гайра дохил мешаванд.
Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёди он дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд
Мероси ғайримоддии фарҳангӣ– анъана ва воситаҳои шифохии ифода, аз чумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнхо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онхо; мероси ғайримоддии фарҳангӣ маҷмӯи шаклҳои фаъолияти фарҳангй ва тасаввуроти ба анъанаҳо асосёфта аст, ки эҳсоси хусусияти хос ва робитаи наслҳоро ташаккул медиҳад.
Тавлид ва ташаккули арзишҳои миллии тоҷикон дар фарҳанги эҳёнамуда ва анъанаҳои миллии даврони Сомониён нақши муҳим мебозад. Давлати пурқудрати Сомониён барои ворид гардидани фарҳанг ва афкори арзишҳои миллии тоҷикон ба фарҳанги ягонаи ҷаҳонӣ имкон ба амал овард. Намояндагони барҷастаи ин раванд Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино мебошад, бо осори безаволи худ барои Эҳёи фарҳанги миллӣ замина мегузорад.
Ҳар кӣ наомӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Дар байти мазкур Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аҳамияти огоҳӣ аз таърих ва мероси миллӣ-ро таъкид мекунад.
Тавассути ахлоқи исломӣ дар ҷомеа муносибати иҷтимоии мардум ранги дигар гирифт. Боварӣ ба ҳамдигар ва эҳтироми устоду шогирд, барои инкишофи арзишҳои миллӣ дар заминаи тафаккури нав роҳи наверо кушод. Асоси онро алоқамандӣ ба асолати исломӣ ва ҷаҳонбинии динӣ дар бар мегирифт, ки сохтори наверо барои бунёди забон ва фарҳанги тоҷик ба миён меовард.
Абуалӣ Ибни Сино дар китоби “Алқонун фи-тиб ” қайд мекунанд “Пойбандии миллат ба дониш устувор мегардад”. Яъне арзишҳои миллӣ бидуни дониш, хирад ва маърифат устувор намемонанд. Арзишҳои миллӣ фақат ҳамон вақте метавонад густариш ёбанд, агар сохтори ягонаи маънавии умумимиллӣ дар давлати мустақили мутамарказӣ миллӣ вуҷуд дошта бошад, ки тамоми имкониятро баҳри пешрафт ва такмили он сарф намояд.Давраи нав дар ташаккули арзишҳои миллии тоҷикон бештар аз давраи Шӯравӣ интиҳо мегирад.Дар замони Шӯравӣ арзишҳои миллӣ мазмун ва муҳтавои навро касб менамояд. Ҳарчанд дар ин давра арзишҳои миллӣ аз рӯи моҳият махсусияти сотсиалистӣ дошта, дар зери таълимоти андешаҳои марксизма-ленинизм, интернатсионизм, дустии халқҳо, сулҳ, бародарӣ баробарӣ ва бародарии мардуми Шӯравӣ на вобаста аз халқу миллаташ рушд менамуд.
Арзишҳои зиёди маънавии ҳар як миллат дар урфу одатҳои он ниҳон аст.Урфу одатҳои миллӣ ба кадом мансуб будани шахсро ифода чун падидаи муқаддас маҳсуб меёбанд.Урфу одатҳои миллӣ арзишҳои маънавии ҳар як миллат мебошад.Урфу одатҳои миллии дигар халқҳоро паст задан нашояд. Ҳар як миллатро бо урфу одатҳои хосаш бояд эътироф кард. Дар хотир бояд дошт, ки урфу одатҳои миллӣ шаъну шараф ва ифтихори ҳар як миллат аст.
Халқи тоҷик аз ҷумла “халқҳои меҳвар” қаламдод мешавад, имрӯз дар сафи халқҳои ҷаҳон танҳо бо чеҳраи хоси худ мавқеъ меёбад. Танҳо фарҳанги ғании замонӣ ва маънавиёти баланд метавонад миллатро аз гумномӣ нигаҳ дорад,аз таъсире, ки оқибаташ маҳрумӣ аз ҳувияти миллӣ ва нобудии маънавист, раҳоӣ бахшад. Растагории миллиро имрӯз ба фарҳангу маънавиёти баланд устувор кардан ва ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон ёфтан зарур аст.
Ҳамин тариқ дар дунёи мутамаддин ақл дар хизмати манфиатҳо аст ва бузургтарин ҷомеа онаст, ки нерӯи ақлӣ аз даст надодааст. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки ҳифзи одоб, русум ва арзишҳои миллии худро такмил диҳем. Арзишҳои миллӣ пояи ҳастии миллатанд. Онҳо вақте зинда мемонанд, ки ҳар як шаҳрванд онҳоро эҳтиром кунад, паҳн намояд ва ба насҳои оянда бо ифтихор интиқол диҳад. Масъулияти ҳифзи арзишҳои миллӣ бар души ҷавонон, калонсолон омӯзгор, донишмандон ва тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.
Салимова Файзигул Нуралиевна
асситенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоии ДКМТ
