Зарурияти таълими фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимии соҳаи техникӣ

Ҷомеашиносӣ илм дар бораи ҷомеа буда, қонунҳои умумии тараққиёти ҷомеа, қонунҳои амал ва инкишофи он, ташкилотҳои иҷтимоӣ, муносибатҳо ва умимиятҳои ҷамъиятиро фаро мегирад. Яъне фанҳои ҷомеашиносӣ омӯзиши ҳаёти ҷамъиятии одам, омӯзиши гуруҳҳо ва ҷамъиятро дар бар мегирад. Худшиносӣ роҳи асосии ба камол расонидани инсон мебошад. Ҳар як шахс бояд бидонад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист, он гоҳ моҳияти ҳастии атрофиён, ҷамъият ва дунёро хоҳад фаҳмид. 

Дар марҳилаҳои нави давлату давлатдории тоҷикон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ раванди мақсаднокро касб намуда, аз ҷиҳати ахлоқӣ-маънавӣ омода кардани ҷавононро ба фаъолият ва ҳамкории судманди самарабахш дар ҷомеаи муосири демократӣ тақозо менамояд.

Дар шароити соҳибистиқлолӣ моро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи шавқу рағбат ба идоракунии равандҳои муҳими иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоем.

Тарбияи ватандӯстӣ ба рушду ташаккулёбии шахсият, ки дорои хислатҳои шаҳрвандӣ ва ватандӯстии кишвари худ мебошад, таъсир менамояд.

Дар солҳои тоистиқлолият арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, таваҷҷуҳ ба таърих ва фаромӯшӣ аз асли худ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллии тоҷикон, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ коҳиш ёфта буданд.

Ба шарофати соҳиби истиқлолият гаштани кишварамон ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Дар яке аз баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад”.

Устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ такя ба ин суханҳо карда, раванди таълими фанҳои ҷомеашиносиро ба роҳ мондаанд. Устодони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим аз фанҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, барномаҳо, силлабусҳоро чоп намуда, дастраси донишҷӯён гардониданд.

Сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо илм ва босуръат инкишоф ёфта истодааст. Айни замон таваҷҷуҳи бештари омӯзгор ба ташкили таълиму тарбияи дуруст ва бомуваффақият анҷом додани он дар раванди таълим равона шудааст.

Тартиби таълим дар низоми кредитии таҳсилот хусусиятҳои худро дорад. Матнҳои лексия сарфи назар аз мухтасар будан аз ҷиҳати мантиқу илмият комил, пурмазмун ва моҳияту тарафҳои муҳимтарини  ҳар як мавзўю масъалаҳоро дар бар гирифта бошад.

Низоми кредитии таҳсилот эҷодкорӣ, таҳқиқи амиқи фанни таълимӣ, такмили дарсҳои назарӣ, ҷўстуҷўи шаклу усулҳои нави машғулиятҳои амалӣ (семинарӣ)-ро талаб менамояд. Бо мақсади таҳкиму  такмили донишҳои дар лексия андўхта, дар раванди дарсҳои амалӣ шаклҳои мусоҳибаи гурўҳӣ, семинар-диспутҳо (баҳс), мизҳои мудаввар  низ истифода мешаванд.

Вазифаи муҳими устод дар он аст, ки шогирдонро пайваста ба роҳи мустақилона амиқу мукаммалтар омўхтани мавзўҳои фанни таълимӣ ҳидоят намояд. Инчунин, аз онҳо иҷрои супоришҳои берун аз дарсиро талаб менамояд ва иҷроиши онро назорат менамояд. Донишҷўёнро ба мутоилаи адабиёти дарсӣ, иловагӣ, сарчашмаҳо, мақолаву китобҳои нав одат мекунонад.

Аз ин рӯ, як бахши муҳими фаъолияти кафедраро ҷалби донишҷуён ба маҳфилҳои фаннӣ ташкил медиҳад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯёни боистеъдод ва қобилияти пажӯҳишгарии онҳо муайян карда мешавад.

Имрӯзҳо тарбияи ватандӯстии донишҷӯён вазифаи муҳим ба шумор рафта, василаи асосии дар замири онҳо парвариши ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватани худ, омодагӣ ба амалӣ намудани мавқеи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионии ҳифзи манфиатҳои Ватанро ташкил медиҳад.

Таълиму тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, содиқ будан ба давлату миллат агар аз таълими дурусти фанҳои ҷомеашиносӣ маншаъ гирад, василаи дигари тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ гузаронидани конференсияҳо ва вохӯриҳои судманд буда, яке аз самтҳои амалӣ гардонидани ин роҳи пуршараф ва ифтихормандӣ мебошад. Барои осон гардонидани кори устодон ва донишҷӯён дар китобхонаи назди донишкада омода намудани адабиётҳои лозима ва воситаҳои айёнӣ оид ба масъалаи ватандӯстӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Ташкили боздид аз осорхонаҳо, ки дар онҳо маълумотҳо оид ба таърихи миллат, рушди робитаҳои мадании он мавҷуд аст, яке аз роҳҳои тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад. Дониши дар ин замина ҳосилшуда сарчашмаи ташаккули ақида ва эътиқод мегардад.

Муносибати донишҷӯён ба таҳсил ҳамчун қарзи ватандӯстӣ ба он шарте меафзояд, ки фанҳои омӯхташуда бо манфиатҳои ҳаётии амалии донишҷӯён – мутахассисони оянда алоқаманд бошанд. Ин робита аҳамияти амалии фанҳои таълимиро ҳам ҳангоми омӯзиши онҳо ва махсусан дар ҷараёни фаъолияти амалии касбии оянда мустаҳкам менамояд. Сипас, ҳар як хатмкунандаи Донишкада ҳангоми бо саволу мушкилиҳои амалии шахсии байнисоҳавӣ рӯ ба рӯ шудан, онҳоро на танҳо аз нуқтаи назари илмҳои умумии махсус, балки инчунин аз нигоҳи гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳал карда метавонад. Самти ҳаётӣ, амалӣ ва касбӣ дар омӯзиши фанҳо аҳамияти шахсӣ ва иҷтимоии омӯзишро афзун намуда, ба муносибати донишҷӯён ба Донишкада, кафедраи онҳо ва дар маҷмуъ то андозае ба ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.

Таҳсили хуб, ташаккули мутахассиси муосир на танҳо кори муҳими шахсӣ, балки кори ҷамъиятиест, ки ба таҳкиму пешрафти кишвар, иқтисодиёт ва фарҳанги он мусоидат мекунад. Омӯзиши фанҳои ҷомеашиносӣ таъсири бевоситаи ватандӯстӣ доранд. Таълими таърих, иқтисодиёти умумӣ, сиёсат ва ҳуқуқ, фалсафа ва фарҳанг ва ғ. дар боло бурдани руҳияи ватандӯстию ватанпарварии насли ҷавон таъсир ва нақши азим дорад.

Хулоса, вазифаи тарбияи ватандӯстӣ дар асоси маҷмуи усулҳои таълимӣ ва методии ин раванд ба амал бароварда мешавад, ки дар асоснокии умумии тамоми раванди таълим зоҳир мегардад ва имкон медиҳад, ки тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ҷузъи таркибии он тасниф карда шавад. Ба насли наврас омӯзонидани ин нишонаҳои арзишманди миллӣ вазифаи ҷонии натанҳо омӯзгори фанни таърих, балки кулли омӯзгорон ва ҷомеа мебошад.

Абдуллоев И. Р., дотсенти кафедраи

фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ