Бартарият ва афзалиятҳои низоми кредитӣ дар донишкада

Ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар донишкада идома дорад ва ҳоло курсҳои якум ва сеюм имтиҳон супорида истодаанд.

Дар маркази тестӣ ва бақайдгирии донишкада сардори марказ Давлатов Давлатмаҳмад ба мо иттилоъ дод, ки айни замон тибқи барномаи ҳозиразамон донишҷӯён имтиҳон месупоранд ва ҳама шикояту аризаҳо тибқи низомномаи таҳсилоти кредитӣ қабул карда мешавад.

Ҳамчунин, ҳамарӯза ба тариқи паёмакҳо ба донишҷӯён иттилоъ расонида мешавад ва ҳамаи донишҷӯён тибқи барномаи омода намудани барномасозони донишкада метавонанд, баҳо ва холҳои худро бубинанд.

Дар донишкада ҳамчунин низоми ғайринақдии маблағсупорӣ амал менамоянд, ки ҳама пардохтҳо тариқи банкоматҳо ва дигар бонкҳо сурат мегирад. Феълан суратҳисоби донишкада дар барномаҳои бонкӣ фаъол карда шудааст ва дар ҳама бонкоматҳо ва дигар ҷараёнҳои электронӣ бо пахши рамзи донишкада донишҷӯён метавонанд, маблағҳои қарзӣ ва шартномавиро бисупоранд.

Ҳамчунин, барои донишҷӯёни фосилавӣ барномаи донишкада бидуни хароҷоти мегабайтҳои интернетӣ фароҳам оварда шудааст, ки донишҷӯён бе сарфи интернет метавонанд, даромада таҳсили худро идома диҳанд.

Шуъбаи иттилоот