Мулоқоти маҷозӣ бо намояндагони Коллеҷи касбӣ-техникии сарват ва муҳити зисти Ланчжоу

Имрӯз, мулоқоти маҷозии ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Коллеҷи касбӣ- техникии сарват ва муҳити зисти Ланчжоу баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби донишкада муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, директори Донишкадаи Конфутсий Жен Гентян, директори ҷониби тоҷикистонии ҳамин донишкада Валиева Мастура, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар, мудири кафедраи металлургия Қодиров Абдурашид ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд. Аз ҷониби коллеҷи Ҷумҳурии халқии Хитой муовини директори коллеҷ Сонг Юан Вен, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Лу Хуай Пин, директори донишкадаи геология ва маснуоти заргарӣ Гар Лей, директори донишкадаи коркарди металҳо Ма Қионг, директори донишкадаи бехатарии технологӣ Гуо Хияо Ҳонг ширкат намуданд.

Дар мулоқоти имрӯза, ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба ва даъвати омӯзгорону мутахассисон ва табодули таҷрибаву собиқаи корӣ ҷонибҳо гуфтугӯ намуданд ва қарор аст, ки дар даври дуюми мулоқот баҳри бастани ҳамкориҳо ҷонибҳо ба хулоса оянд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур даври аввали гуфтугӯйи ҷонибҳо мебошад ва дар мулоқоти нахуст ҳусни таваҷҷуҳ нисбати якдигар зоҳир мегардид, ки ба раванди муколама боз ҳам мусоидат менамояд.

Шуъбаи иттилоот