Ҷамъбасти даври тирамоҳии таҳсил дар Донишкадаи Конфутсий

Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада чорабинӣ  бахшида ба ҷамъбасти даври тирамоҳии таҳсил дар Донишкадаи Конфутсий бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, директорони ДК, намояндагони ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Хитой, намояндагони ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Хитой, олимон ва дигар меҳмонон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон иттилоъ дод. Дар чорабинии мазкур пас аз суханронии олимон ва меҳмонон барномаи ҳунарӣ бо фарогирии фарҳанги чинӣ ва ҳамзамон ифодакунандаи унсурҳои шарқӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. 

Дар интиҳо ба як қатор донишҷӯён ва хатмкунандагони курси забони   чинӣ  сертификатҳо тақдим карда шуд.