Зодрӯз муборак, профессор Розиқов Зафар!

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  профессори кафедраи экологияи донишкада, олими некахтару баландгавҳар, инсони покниҳоду поксиришт. равшанзамиру барнодил, фарди накӯному некният,  шахси содиқ  ва меҳандӯст  муҳтарам Розиқов Зафар Абдуқаҳҳоровичро ба рӯзи милодашон табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин хӯшиҳои зиндагиро таманно менамояд.

Розиқов Зафар аз беҳтарин омӯзгорони фаъол ва сермаҳсултарин олими донишкада маҳсуб ёфта, дар тарбияи насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа саҳми арзанда гузоштааст, ки ин хидмати андак нест ва раёсати донишкада аз эшон сипосгузор аст. Хидматҳои профессор Розиқов Зафар дар рушди илм бениҳоят зиёд буда, мавсуф яке аз олимони овозадори сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз доштани чунин олими равшанзамир ва нексиришт ифтихор дорад. 

Мо, ба ин олими шуҳратёр ва муваффақ, фарзанди фарзонаи диёр ифтихор намуда,  санаи зодрӯзашонро ҳамчун санаи муборак ва таърихӣ ва як рӯзи нодир дар таърихи донишкада меҳисобем ва аз буданашон мефахрем. Ба муҳтарам Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович дар фаъолияти илмӣ-эҷодӣ муваффақияту барор, дар зиндагӣ саодати ҳамешагӣ ва сиҳатмандиву дилҷавонии абадиро таманно намуда, орзуи ҳамеша комёриашонро хоҳонем!

Зодрӯз хуҷаста бод, муҳтарам Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович!

Маълумоти кӯтоҳ барои хонандагон:

Академики Академияи муҳандисии ҶТ (1999). Факултаи истихроҷ ва коркарди конҳои нафту гази Донишкадаи кимиёи нафт ва саноати гази ба номи академик И.М.Губкинро дар ш. Маскав бо ихтисоси технология ва механиконии комплексии истихроҷи конҳои нафт ва газ (1973) ва Академияи идоракунии ФР-ро хатм кардааст (1992). То соли 1977 дар иттиҳодияи истеҳсолии умумиитифоқии «Тюменгазпром»-и Вазорати саноати гази ИҶШС оператори истихроҷи газ, муҳандиси басти хидмати оперативӣ-истехсолӣ, инструктори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ҲКИШ-и ш.Надими в. Тюмен кор кардааст. Баъдан технологи истихроҷи нафт (1977-1078), сардори шуъбаи сохтмони асоси (1978-1979), муовини директори генералии иттиходияи истеҳсолии «Тоҷикнафт» (1979-1982), муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба назорати бехатарии гузаронидани кор дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ (1982-1987), муовини мудири шуъбаи саноати Кумитаи марказии ХК Тоҷикистон (1987-1988), котиби кумитаи шаҳрии ХК Тоҷикистон дар ш.Чкалов (1988-1991), сардори шуъба, муовини сармухандис (1991-1995), муовини аввали директори генералии корхонаи давлатии «Востокредмет» (1995-1997), директори генералии корхонаи давлатии «Востокредмет» (аз с.1997), профессори кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   (аз с.2004). Самтҳои асосии фаъолияти истеҳсоли ва илмии Р. гидрометаллургия, хӯлаҳои оҳан, тозакунии металлҳои қимматбаҳо, экология мебошад. Муаллифи 80 асар ва мақолаи илмӣ. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Вена, 1998; Алмаато, 2001, Чусовой, 2002, Вашингтон, 2004, Қайроққум, 2005). Узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии ҶТ (2000-2005) буд.