Ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботии донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи бузурги Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи солона баргузор гардид.
Ҷаласаро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти донишкада, нақшаҳо ва барномаҳои тасдиқгардида сухан ронда, арз доштанд, ки имсол дар ҳаёти донишкада тағйиротҳои зиёде ба амал омад, ки ин ҳама корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба бандҳои имсолаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Паём роҳнамои босаодати миллат мебошад ва дар ин замина бояд нақша чорабиниҳои ташкил карда шавад.
Сипас, муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин оид ба самти таълим ҳисобот дод.
Оид ба самти илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Шербоев Муродҷон ҳисобот дод.
Оид ба корҳои тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда ҳисобот дод.
Роҷеъ ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ Ҷабборзрда Муҳаммад ҳисобот дод.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ фаъолияти ҳамаи самтҳоро пурсон шуда, таъкид намуд, ки дар самтҳои илм, таълиму тарбия корҳо бояд ҷоннок карда шавад.

Шуъбаи иттилоот