ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ ВАТАНДӮСТ

Мусаллам аст, ки арзишҳои миллӣ сарвати маънавӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳар як давлату миллат дониста мешавад. Ин арзишҳо дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузашта, ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мардумро нигоҳ медоранд. Ҳар як миллат бо забон, таърих, фарҳанг, расму оин, анъана ва арзишҳои маънавии худ шинохта мешавад. Ба ҳамин хотир, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои пойдории давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли солим нақши муҳим мебозад.
Таъкид бояд созем, ки Тоҷикистон сарзамини куҳанбунёд буда, дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола мебошад. Миллати тоҷик дар тӯли таърих бо фарҳанги воло, забони ширину шевои тоҷикӣ, адабиёти пурғановат, ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои неки инсондӯстонаи худ шуҳрат пайдо кардааст. Арзишҳое чун эҳтироми падару модар, меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми калонсолон аз ҷумлаи хислатҳои неки миллати тоҷик мебошад. Ин анъанаҳои нек моро водор месозанд, ки ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ гузорем ва барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон саҳм гузорем.
Яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии мо забони модарӣ мебошад. Забони тоҷикӣ оинаи таърих, фарҳанг ва тафаккури миллати тоҷик аст. Маҳз тавассути забон мо таърихи гузаштагони худро меомӯзем, осори адибони бузургро мутолиа мекунем ва андешаву эҳсосоти худро баён менамоем. Устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ бо осори гаронбаҳои худ ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд бояд забони модарии худро дӯст дорад, онро дуруст истифода барад, покиза нигоҳ дорад ва барои омӯзиши он ба насли наврас кӯмак бирасонад. Эҳтиром ба забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва таърихи он дониста мешавад.
Аз дигар арзиши муҳими миллӣ таърих ва фарҳанги пурғановати тоҷикон мебошад. Мо бояд аз корномаҳои ниёгони худ огоҳ бошем, ёдгориҳои таърихиро ҳифз намоем ва ба осори фарҳангии миллат арҷ гузорем. Таърих ба мо сабақ медиҳад, ки чӣ гуна аз таҷрибаи гузашта истифода барем, хатогиҳоро такрор накунем ва барои ояндаи беҳтар талош намоем. Шинохти таърих дар дили ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро бедор мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва эҳтироми шахсиятҳои бузурги он бояд яке аз самтҳои муҳими тарбияи насли ҷавон дар шароити феълӣ бошад.
Расму оин ва анъанаҳои миллӣ низ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти маънавии ҷомеаи мо мебошанд. Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, бо табиатдӯстӣ, меҳнат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ робитаи зич доранд. Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав мардумро ба тозагӣ, ободонӣ, бахшиш ва дӯстиву ҳамдигарпазирӣ даъват мекунад. Ҳамчунин, расму оинҳои нек, аз ҷумла эҳтироми калонсолон, дастгирии ниёзмандон, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва арҷгузорӣ ба оила бояд ҳамеша дар ҳаёти мо ҷойгоҳи муҳим дошта бошад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми ҳифзи анъанаҳо бояд ба он суннатҳое бештар таваҷҷуҳ намоем, ки ба арзишҳои инсонӣ, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоиста мусоидат менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ низ аз ҷумлаи арзишҳои муҳими миллӣ аст. Ватан барои ҳар як инсон муқаддас аст, зеро маҳз дар ҳамин сарзамин инсон ба дунё меояд, забони модарии худро меомӯзад ва бо фарҳангу таърихи халқи худ ошно мегардад. Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии мо мебошанд. Ҳар як шаҳрванд бояд онҳоро эҳтиром намояд, қонунҳоро риоя кунад, барои ободии кишвар кӯшиш намояд ва дар таҳкими сулҳу субот саҳм гузорад. Ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар амалҳои нек, меҳнати ҳалол, омӯзиши илм, ҳифзи муҳити зист ва хизмати содиқона ба Ватан зоҳир мегардад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо менамояд. Айни замон, бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши робитаҳои байни миллатҳо мо ба фарҳангу андешаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем, ки ин раванд имкониятҳои зиёдеро барои омӯзиш ва пешрафт фароҳам меорад, аммо ҳамзамон моро водор месозад, ки ҳувияти миллӣ ва арзишҳои неки худро ҳифз намоем. Мо бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир истифода барем, забонҳои хориҷиро омӯзем ва бо фарҳангҳои дигар ошно шавем, вале дар баробари ин, забон, таърих ва анъанаҳои миллии худро фаромӯш накунем. Миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва арзишҳои худро пос медорад, метавонад дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиб пайдо созад.
Зикр бояд созем, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши оила, мактаб ва ҷомеа хеле муҳим мебошад. Оила аввалин мактаби тарбияи инсон аст. Падару модар бояд фарзандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба калонсолон, муҳаббат ба Ватан, ростқавлӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Мактаб бошад, бо таълиму тарбияи дуруст, омӯзиши забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанги миллӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. Омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тарғиби китобхонӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талош варзанд.
Ҳамчунин, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, нигоҳубини табиат, пок нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва эҳтиром ба меҳнати дигарон аз ҷумлаи амалҳое мебошад, ки муҳаббати инсонро ба Ватан нишон медиҳад. Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол ва касбу кори худ, метавонад дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузорад.
Дар умум, арзишҳои миллӣ пояи ҳастӣ, худшиносӣ ва бақои ҳар як миллат дониста, мешавад. Ҳифзи онҳо на танҳо вазифаи давлат ё як гурӯҳи муайяни одамон, балки масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордили кишвар мебошад. Мо бояд забони модарӣ, таърих, фарҳанг, расму оинҳои нек ва рамзҳои давлатии худро эҳтиром намоем, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорем. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавонем ҷомеаи ободу пешрафта бунёд намоем. Бояд, ҳар яки мо бо дониш, меҳнати ҳалол, рафтори шоиста ва муҳаббати самимӣ ба Ватан арзишҳои миллии худро ҳифз намоем, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва кафили бақои миллату давлат мебошад.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон