Тақдими дипломи номзадӣ аз минбари баланд ба олими ҷавон!

Дар интиҳои ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба олими ҷавон, ки ҳамин сол рисолаи номзадиро дифоъ намуд, дипломи номзади илмҳои техникиро аз  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамроҳӣ бо муовини аввал Насриддинов Замониддин, муовин оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, муовин ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад ба Мирбобоев Шуҳратҷон тақдим намуд. 

Ёдовар мешавем, ки омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Ш.Ж. рисолаи номзадии худро зери роҳбарии профессори донишкада Розиқов Зафар ҳимоя намудааст.

Шуъбаи иттилоот