Маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир инсоният бо мушкилоту хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, ки яке аз онҳо падидаҳои номатлуб —экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид карда, боиси талафоти ҷонӣ, харобшавии иншоот ва нооромии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ мегардад, ки ин чиз хеле нигаронкунанда мебошад. Ба ҳамин хотир, муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм вазифаи муҳимми ҳар як давлату миллат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Қайд бояд кард, ки экстремизм ифротгароӣ буда, маънои ҷонибдорӣ аз ақидаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад. Терроризм бошад, истифодаи зӯроварӣ ва тарсу ваҳм барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё дигар мақсадҳои нопок мебошад. Ин падидаҳои номатлуб ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳ, озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон мухолифанд. Пайравони ин гуна ҳаракатҳои ифротӣ метавонанд миёни миллатҳо, халқҳо ва пайравони динҳои гуногун низоъ ба вуҷуд оварда, фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмиро халалдор намоянд.
Бояд, таъкид кард, ки яке аз омилҳои паҳншавии экстремизм ва терроризм ин паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, надоштани донишҳои кофӣ, таъсири ғояҳои ифротӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ фиреб дода, ононро ба амалҳои хатарнок ҷалб месозанд, ки оқибати нек надорад. Аз ин хотир, ҳар як ҷавон бояд ҳушёр, зирак ва донишманд бошад, ба ҳар гуна маълумоти шубҳанок бовар накунад ва пеш аз қабул кардани ягон хабар дурустии онро бисанҷад, то ба доми маккорон наафтад.
Албатта, муқовимат бар зидди ин зуҳуроти хатарнок танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин самт оила, мактаб, донишгоҳ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти муҳим доранд. Волидон бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми қонун ва таҳаммулпазирӣ тарбия намоянд. Омӯзгорон бошанд, бояд дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҷавонон вақти худро ба омӯзиши илм, азхудкунии касбу ҳунар ва корҳои созанда сарф намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризмро яке аз самтҳои муҳимми таъмини амният ва суботи ҷомеа медонад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум аҳаммияти бузург дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми қонун, таҳкими дӯстии байни миллатҳо ва пешгирии ҳар гуна андешаҳои ифротӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Мо бояд дарк намоем, ки терроризм миллат, забон ва дини муайян надорад. Ҳеҷ як миллат ё дини ҷаҳониро набояд бо амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои алоҳида баробар донист. Ҳамаи мо вазифадорем, ки ба арзишҳои инсонӣ эҳтиром гузорем, фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмиро инкишоф диҳем ва баҳсу ихтилофҳоро бо роҳи осоишта ҳал намоем. Ҳамкории давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар пешгирии ин хатарҳо нақши муҳим мебозад.
Дар умум, муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм на танҳо барои амнияти як давлат, балки барои манфиати тамоми башарият зарур аст. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифат, тарбияи дурусти насли наврас, эҳтироми қонун ва муттаҳидии ҷомеа метавонем ба ин зуҳуроти номатлуб муқовимат намоем. Ҳар яки мо бояд барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони кишвар саҳми худро бигузорем. Зеро сулҳ неъмати бебаҳо ва амният шарти асосии зиндагии хушбахтонаи инсоният мебошад.
Ориёпушт Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
