Ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор шуд

Имрӯз, ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯрои олимон ин навбат масоили марбут ба илму пажӯҳишҳои илмӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои илмӣ, баррасии корҳои анҷомшуда баҳри муқовимат ба терроризму экстремизм ва додани унвони профессори фахрӣ ба ду олими сатҳи байналмилалӣ матраҳ карда шуд.
Ҷаласаро нахуст раиси Шӯрои олимон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба бандҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро низ хост, аъзоёни Шӯро баррасӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои олимони донишкада яке аз ниҳодҳои калидӣ буда, дар он бештар масоили дохилии донишкада баррасӣ карда мешавад.


Шуъбаи иттилоот