Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи дастури ректор дотсент Давлатзода Давлат даври аввали олимпиадаи фаннӣ аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи иттилоотӣ, забонҳои тоиҷкӣ, русӣ, англисӣ, география, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, фалсафа, таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисод баргузор карда шуд. Дар расми ифтитоҳи олимпиада сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати илм ва инноватсия Фирӯза Мирсаидова ширкат варзида ба довталабон барору муваффақият таманно намуданд.
Раванди баргузории олимпиада ва шаффофияти он аз ҷониби мутахассисони раёсати таълим назорат бурд шуд. Тибқи иттилои сардори раёсати таълим дар даври донишкадавии олимпиада зиёда аз 200 нафар аз рӯи 16 фанни таълимӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон, аснои ифтитоҳи чорабинӣ иттилоъ дода шуда, ки ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ ва маънавӣ аз ҷониби раёсати донишкада ҳавасманд гардонида мешаванд.
Шуъбаи иттилоот
