Ҷаласаи ректори донишкада бо кормандони бахши хоҷагӣ ва масъулони тарбия

Субҳи барвақт ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо масъулони бахши хоҷагидорӣ ва сохтори тарбия мулоқот намуда, оид ба омодагӣ ба даври зимистонгузаронӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси Ковид-19 сухан ронда, дастур доданд, ки чораҳои назоратӣ қавитар карда шавад ва толорҳои донишкада, роҳравҳо, синфхонаҳо ҳамарӯза бо хлор шуста шавад.
Ҳамчунин, ректори донишкада оид ба ҳолати интизоми донишҷӯён сухан ронда, таъкид намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар гузаронида шавад.
Сипас, дастур дода шуд, ки ҳамарӯза аз ҳоли донишҷӯёни муқими хобгоҳ омӯзгорон огоҳ шаванд.
Шуъбаи иттилоот