Мулоқоти сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ бо донишҷӯён

Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ дод. Искандарзода Муҳаммадшоҳ роҷеъ ба пайомадҳои ҷаҳони муосир, пешгирии ҷинояткориву қонуншиканӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки донишҷӯён имрӯз бояд ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳоло донишҷӯён фақат бояд омӯзанд ва касб аз худ намоянд…
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз оқибатҳои ифротгароӣ ва хатарҳои чолишҳои байналмилалӣ сухан ронд ва таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд ба ҳар гуна сафсатаҳои душманони миллат бовар накунанд ва худро эҳтиёт намоянд.
Ва дар интиҳо ба сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ барои чунин як мулоқоти ошкоро изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар интиҳо суолу ҷавоб сурат гирифт ва донишҷӯён ба суолҳои хеш посух гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот