Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯи бахши ғоибонаи соли дуюм Бегова Ганҷинаро ба ҳузур пазируфтанд. Ректори донишкадаро дар ин қабул муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ ҳамроҳӣ намуд.
Пас аз шунидани арзи донишҷӯ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дастур доданд, ки мушкили донишҷӯ ба зудӣ ҳал карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд бо сабти номи хеш дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули ректори донишкада роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот