Ҷаласаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи раёсати донишкада масъалаҳои ҷориро баррасӣ намуда, ҷиҳати иштироки фаъол дар озмунҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ба стипендиягирандагон изҳори сипос намуданд. Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ 10 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ва 4 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Бӯстонро даъват намуда, ба масъулин дастур доданд, то ба ҳар яки онҳо 200 сомонӣ маблағ ҳамчун мукофот тақдим карда шавад.

Дар ҷаласаи имрӯза ҳамчунин, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати дуруст шинохтани мақоми донишкада дар миқёси вилоят ба масъулон дастур доданд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳайати профессорию омӯзгории донишкада бояд омода бошанд.

Дар интиҳо ба сардори бахши кор бо ҷавонони донишкада изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки бояд сафи фаъолон ва гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ва дигар стипендияҳо зиёд карда шавад.

Шуъбаи иттилоот