Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси мошинсозӣ дар корхонаи “Хуҷандзил”

Бо дастури ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён бояд дар филиали кафедраҳо дар корхонаҳои истеҳсолӣ бигузарад ва ҳамин аст, ки ҳамаи донишҷӯёни ихтисосҳои донишкада ба истеҳсолот фиристода шуданд. Дирӯз, омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дар корхонаи ХУҶАНДЗИЛ-и шаҳри Бӯстон бо донишҷӯёни ихтисосӣ мошинсозӣ давраи таҷрибаомӯзиро гузарониданд.
Омӯзгор Холов Зафар дар аввал донишҷӯёнро бо қоидаи бехатарӣ огоҳ намуда, сипас ба онҳо тарзи истифода ва коркарди таҷҳизотро фаҳмонид.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни ихтисоси мошинсозии донишкада имрӯз, дар нияти сохтани худравҳои каммасраф ҳастанд ва қарор аст, лоиҳаи мазкур дар оғози соли хониши 2021-2022с. амалӣ гардад.
Шуъбаи иттилоот