Ҳавасмандсозии донишҷӯён дар КМРО аз ҷониби Самадова Г.

Дирӯз,  дотсент Самадова Гулӣ декани факултети корҳои кӯҳӣ барои шавқмандтар шудани дарсҳо ва ҳамчунин бештар наздик намудани донишҷӯён ба фанни таълимӣ ва фарогирии мавзӯъ дар дарси амалӣ ё худ КМРО шакли нави омӯзишро гузарониданд. Тибқи одат ин дафъа донишҷӯён вобаста ба мавзӯи дарсӣ баромада ба ҷойи омӯзгор ба донишҷӯён дарс гуфтанд.

Муаллима Самадова Г. мегӯянд, ки ин таҷриба барои бештар аз худ кардани дарс ва баланд бардоштани мавзӯъ мебошад, то донишҷӯён тавонанд дар минбаъда, ки ба истеҳсолот мераванд ҳадди ақал ҳамкорону зердастони хешро ба соҳа наздиктар карда бошанд.

Дарси мазкур хеле ҷолиб гузашта, ин таҷрибаи аввалин барои донишҷӯён аз фанни “Асосҳои корҳои кӯҳӣ” мебошад ва гузаронидани ин гуна таҷрибаҳо дар соати  КМРО барои тақвият бахшидани донишҳои донишҷӯён ва ҳамчунин ҳазми мавзӯъ мусоидат мекунад.

Агар чунин қолабҳои нави таълимӣ корбарӣ шавад, мегӯяд муаллима Самадова Г., донишҷӯ бештар мавзӯъро аз худ намуда, метавонад, ки ҷанбаҳои ихтироъкориро низ аз худ нишон диҳад, ки ин ба манфиати кор мебошад.

М. Сайидзода