Мулоқоту вохӯрӣ бо донишҷӯён дар хобгоҳи донишкада

Дирӯз,  дар хобгоҳи рақами 3 вохӯрии омӯзгорони кафедраи металлургия бо донишҷӯён сурат гирифт. Дар вохӯрии мазкур мудири кафедраи металлургия Қодиров А., ассисенти ҳамин кафедра Раҳимов Ҳ., мудири хобгоҳ Азизов Қ.М. ва дигар омӯзгорон ба донишҷӯён аз оқибатҳои даҳшатбори терроризм ва экстремизм, гаравидан ба созмону ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ сухан гуфта, барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба созмонҳои иртиҷоӣ ва чапгаро тавсияву машваратҳо доданд.

Дар мулоқоти мазкур Раҳимов Ҳ. бештар бар он таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар ҷавонони роҳгумзада  ба созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайваст гардида, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, ки ин амали нодуруст мебошад.

Дар интиҳои вохӯри суолу ҷавоб байни омӯзгорон ва донишҷӯён сурат гирифт ва донишҷӯён ба суолҳои худ посух гирифтанд.

М. Сайидзода