Пешдифои рисолаи номзадии Шеров З. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи пешдифои рисолаи номзадии Шеров Зоҳир  баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада  н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  ва дигар олимону  муқарризон ширкат варзиданд.

Ба иттилои бахши илм ва инноватсия ин аввалин шогирди Насриддинов Замониддин мебошад, ки дар мавзӯи “Омилҳои рушди бозори ҷавоҳирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад.  Насриддинов З.З. дар сафҳаи шахсияш бо ишора ба ин рӯзи муҳим навишт: “коре, ки  имрӯз шогирдам Шеров З. зери роҳбарии банда омода кард, шояд дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин бошад…”  Тибқи иттилои дарёфтшуда пажӯҳиш дар мавзӯи мазкур 6 сол идома кардааст ва аз сабаби мушкилоти сиррӣ доштани баъзе аз маъданҳои пажӯҳишшаванда кори унвонҷӯ дар ин давра хеле мушкилтар гардидааст. Аммо новобаста аз мушкилоти ҷойдошта ва проблемаи бозори сангҳои қимматнок дар Осиёи Миёна пажӯҳиши мазкур анҷом ёфтааст, ки имрӯз барои ҳимоя пешниҳод гардид.

Кори илмӣ воқеан ҳам мушкил аст ва ҳар самт ба худ муаммо ва сарбастагиҳои худро дорад, ки танҳо олимон ва докторону унвонҷӯён аз ин огоҳанду халос. Бозори ҷавоҳироти кишвар имрӯз ба коршиносони касбӣ ниёз дорад ва умед мебандем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт аввалин омодакунандаи мутахассисон хоҳад буд.

М. Сайидзода