Ҳамон гуна, ки маълум аст, инсоният аз замони пайдоиши худ ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, маърифат ва роҳи беҳтари зиндагӣ будааст. Ӯ бо ақлу заковат, тафаккур ва дониш тавонистааст аз торикии ҷаҳолат ба сӯи равшании маърифат қадам бигузорад. Таърихи башарият нишон медиҳад, ки ҳамаи пешрафту дастовардҳои бузурги инсоният маҳз аз илму дониш сарчашма мегирад. Илм чароғи равшангари роҳи зиндагӣ, дониш калиди дарҳои баста ва маърифат асоси пешрафти ҷомеа мебошад. Бесабаб нест, ки мегӯянд: «Илм нур асту ҷаҳолат торикӣ». Дар ҳақиқат, наҷоти инсониятро метавон дар илму дониш ва маърифату хирад ҷустуҷӯ кард.
Қайд намудан лозим аст, ки илму дониш дар тамоми давраҳои таърихӣ нақши муҳимро дар ҳаёту тақдири инсоният бозидааст. Маҳз тавассути дониш инсон тавонист қонунҳои табиатро омӯзад, бемориҳои гуногунро табобат намояд, роҳҳои нави зиндагиро кашф кунад ва шароити зиндагии худро беҳтар созад. Агар инсон соҳиби илму дониш намебуд, имрӯз аз бисёр дастовардҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла неруи барқ, нақлиёт, компютер, интернет, ҳавопаймо ва дигар воситаҳои муосир маҳрум мемонд. Ҳамаи ин пешравиҳо натиҷаи заҳмати донишмандон, олимон ва ихтироъкорони бузург мебошанд. Илм на танҳо воситаи пешрафти техникӣ, балки омили муҳими тарбияи маънавии инсон низ мебошад. Шахси донишманд ҷаҳонбинии васеъ дошта, неку бадро аз ҳам фарқ карда метавонад. Ӯ ба қадри зиндагӣ, сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ мерасад. Дониш инсонро аз хурофот, таассуб, нодонӣ ва андешаҳои нодуруст дур месозад. Ҷомеае, ки ба илму маърифат такя мекунад, ҳамеша роҳи пешрафту тараққиётро интихоб менамояд. Баръакс, ҷомеае, ки аз илму дониш дур мемонад, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷаҳони имрӯза, нақши илму дониш боз ҳам муҳимтар гардидааст. Мо, дар асри технологияву иттилоот зиндагӣ мекунем, ҳар рӯз дар соҳаҳои гуногуни илм кашфиёту ихтирооти нав ба вуҷуд меоянд. Зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, тибби муосир, кайҳоншиносӣ ва дигар соҳаҳои илм ҳаёти инсонро ба куллӣ тағйир додаистодаасд. Барои он ки инсоният тавонад мушкилоти ҷаҳони муосирро ҳал намояд, бояд ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
Феълан, башарият бо мушкилоти зиёде, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии муҳити зист, камбуди обу ғизо, бемориҳои гуногун, ҷангҳо ва низоъҳо рӯ ба рӯ мебошад. Ҳалли ин мушкилот бе илму дониш ва тафаккури илмӣ ғайриимкон аст.
Ёдрас бояд шуд, ки саҳми фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ низ басо бузург мебошад. Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Фирлавсӣ ва садҳо донишманду адибони дигар бо осори гаронбаҳои худ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми арзанда доранд.
Бузургвор Абӯалӣ ибни Сино, ки бо номи Шайхурраис низ машҳур аст, дар соҳаи тиб, фалсафа, табиатшиносӣ ва дигар илмҳо хизматҳои бузург кардааст. Асари машҳури ӯ «Ал-қонун фи-т-тиб» садсолаҳо ҳамчун дастури муҳими тиббӣ дар марказҳои илмии ҷаҳон истифода мешуд. Ин далели равшани он аст, ки илму дониш метавонад сарҳадҳои замону маконро убур намуда, ба тамоми инсоният хизмат намояд.
Имрӯз, низ миллати тоҷик ба илму дониш ва маориф ҳамчун омили муҳими пешрафти давлату ҷомеа аҳаммияти махсус медиҳад. Барои бунёди ҷомеаи пешрафта, соҳибмаърифат ва мутамаддин тарбияи насли донишманду соҳибкасб зарур аст. Мактаб, донишгоҳ, омӯзгор ва китоб дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи ӯ ва пешрафти Ватанаш аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва меҳнатдӯстии ӯ вобаста мебошад.
Имрӯз, ҷавонон бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, пайваста дониш омӯзанд, китоб мутолиа кунанд, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва технологияҳои муосирро омӯзанд. Зеро дар ҷаҳони рақобатпазири имрӯзӣ, танҳо шахси донишманд метавонад ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо кунад. Дониш бояд на танҳо барои гирифтани диплом, балки барои ба даст овардани малака, касбият ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа омӯхта шавад.
Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки илму дониш бе ахлоқи ҳамида ва инсондӯстӣ арзиши комил надорад. Дониш бояд барои ободии ҷаҳон, ҳифзи табиат, осоиштагии мардум ва беҳбудии зиндагии инсонҳо истифода шавад. Агар илм ба манфиати ҷанг, харобкорӣ ва нобудсозии ҳаёт равона гардад, он метавонад ба таҳдиди бузург табдил ёбад. Аз ин лиҳоз, ҳар як донишманд дар баробари соҳибилм будан, бояд дорои виҷдон, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди инсондӯстӣ бошад.
Қайд кардан лозим аст, ки китобхонӣ яке аз роҳҳои муҳимтарини расидан ба илму дониш мебошад. Китоб инсонро ба ҷаҳони нав мебарад, тафаккури ӯро инкишоф медиҳад ва барои дуруст андешидан роҳ мекушояд. Шахсе, ки китоб мехонад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи донишҳои нав аст. Бинобар ин, бояд дар байни ҷавонон фарҳанги китобхонӣ, эҳтиром ба омӯзгор ва шавқу рағбат ба омӯзиши илмҳои гуногун бештар ташвиқ карда шавад.
Дар умум, агар бигирем, наҷоти инсоният дар илму дониш, маърифат, хирад ва инсондӯстӣ таҷассум меёбад. Илм инсонро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намуда, барои бартараф кардани мушкилоти зиндагӣ имконият фароҳам меорварад. Танҳо ҷомеае метавонад ба сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоиста ноил бигардад, ки дар он илму дониш мақоми аввалиндараҷа дошта бошад. Маҳз, илму маориф инсонрл аз ҷаҳолат наҷот дода, роҳи нави зиндагиро нишон медиҳад.
Ҳоло, ҷавонони моро зарур аст, ки бояд илм омӯзанд, дониш андӯзанд ва барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон саҳм гузоранд. Зеро ояндаи миллат аз ҷавонони босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст вобаста мебошад. Гуфтан зарур аст, ки ҳар қадами мо дар роҳи омӯзишу дарёфти дониш қадаме ба сӯи зиндагии беҳтар ва ҷаҳони ободтар аст.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
