Қадрдонии фаъолони донишкада бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ

Имрӯз пас аз баргузории чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкати ҳайати роҳбарикунанда ҷаласаи хурде баргузор намуда, ҳозиринро ба тахсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Мавсуф қайд намуд, ки дар бунёд ва шаклгирии Артиши миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст ва бояд ба ин ҳама хидматҳо эҳтиром гузошт. Маҳз талошҳои ин абармади миллат Тоҷикистонро аз мушкилоти ҷаҳонӣ наҷот дод.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ 10 нафар омӯзгорону кормандони фаъолро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард.