Таҷлили Рӯзи таъсисёбии ҚМҶТ дар донишкада

21 феврали соли 2024 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов иштирок доштанд.

Инчунин дар ҷамъомади бошукуҳи идона муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиён ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, хизматчиёни прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, госпитали ҳарбии гарнизони Суғд, комиссариати ҳарбӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидайни сарбозон ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Нахуст, аз ҷониби раиси шаҳри Бӯстон ва ҳайати меҳмонон боздид аз растаҳои рассомии дастпарварони Мактаби санъати ба номи “Шодмон Алифов”-и шаҳри Бӯстон ва намоиши китобҳо доир ба мавзӯи чорабинӣ сурат гирифт.

Ҷамъомади тантанавӣ бо ба толор ворид намудани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Нахуст, паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов ироа гардид.

Дар идома, сухани табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Қайд гардид, ки дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандузӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонид, ки бемуҳобо, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавон ва умед бахшидан ба ояндаи дурахшони кишварамон аз омилҳои асосӣ гардид.
Роҳбари шаҳр аз таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Сипас, як қатор собиқадорону хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ- ҳарбикунонидашуда бо фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона, тараннуми сулҳу субот, оромиву амният, ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, манзури тамошобинон гардид.